Duration 1:59:29

Аруси замонавӣ-2 - филми тоҷикӣ / Arusi Zamonavi-2 - Tajik Film

2 521 454 watched
0
20 K
Published 17 Nov 2019

Дар остонаи нахустнамоиши филми ҳунарии “Арӯси замонавӣ-2” баҳси “плагиат” будани қисмати аввали ин филм дубора рӯ зад. Аммо созандагони филм мегӯянд, қисмати дуввуми он аз ин камбудиҳо орист. Абдулмӯъмин Шарифӣ, ҳунарманди шинохтаи театру кино ва муаллифи филмномаи “Арӯси замонавӣ-2” дар як нишасти хабарие гуфт, дар қисмати аввали филм созандаҳо аз пайи шавқу ҳавас рафта, ба хатоиҳо роҳ доданд: “Намешавад аз воқеият рӯ тофт. Вақте дар бораи як филм овозаҳое баланд мешавад, пас он ҳақиқате ҳам дорад”. Аммо ӯ афзуд, қисмати дуввуми филм фарқкунанда ҳаст ва хатову камбудиҳо ислоҳ шудаанд: “Коргардон баъзе ҷойҳои сенарияро тағйир додааст, вале гумон мекунам писанди тамошобинон хоҳад шуд”. Баъди вориди бозор шудани “Арӯси замонавӣ” сару садоҳо дар бораи аз як филми узбакӣ рӯбардор шудани сенарияи он зиёд шуд. Набиҷон Пирматов, муаллифи сенария, коргардон ва ҳунарманде, ки нақши асосиро дар филми “Арӯси замонавӣ” бозидааст, баъди ин сару садоҳо ба мо иқрор карда буд, ки воқеан идеяи филм ва баъзе саҳнаҳои “Келгинди келин” ва як филми ҳиндӣ гирифта шудааст. Ба қавли ӯ танҳо филми ӯ на, балки се-чор филми дигари тоҷикӣ ҳам аз филмҳои узбакӣ рӯбардор шудаанд, вале ба қавли вай чун “Арӯси замонавӣ” машҳур шуд, зуд атрофаш баҳсҳои зиёд ба вуҷуд омад. Зулфия Содиқова, яке аз дигар ҳунармандоне, ки дар ин филм нақш офаридааст, дар дидори рӯзи гузаштаи коргардон ва ҳунармандони “Арӯси замонавӣ-2” ба хабарнигорон гуфт, мавзӯи филм доғ аст ва дар ҳама ҷомеаҳо мавҷуд аст. Ӯ гуфт, филми узбакии “Келгинди келин”-ро тамошо накардааст ва фикр намекунад, ки саҳнаҳои ин ду кино бо ҳам аз ҳад зиёд монанд бошанд: “Шояд як хатти умумиаш монанд бошад, аммо шохаҳои дигаре ҳаст, ки коргардони тоҷик ба шеваи худ онро роҳандозӣ кард”. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Содиқова ҳар ҳунарманд дар филм ба шеваи хоси худ нақш меофарад, ки имкон надорад ба филми дигар шабоҳат дошта бошад. Моҳпайкар Ёрова, ки яке аз нақшҳои асосиро дар ду қисми “Арӯси замонавӣ” бозӣ кардааст, мегӯяд, вақте қисмати аввали кино вориди бозор шуд, он ба дили мардум нишаст ва худи тамошобин талаб кард, ки он идома дошта бошад: “Образи арӯси замонавӣ дар ҳаёти воқеии мардум хело зиёд шудааст, анъанаву урфу одатҳои миллиро намедонанд ва мо бояд омӯзонем, тарбия кунем, нишон диҳем, ки духтари тоҷик чӣ гуна бояд рафтор кунад”. Созандаҳои филм мегӯянд, дар “Арӯси замонавӣ-2” бисёр камбудиҳое, ки дар қисмати аввал буд, ислоҳ шуда ва умедворанд мақбули бинанда мегардад. #АрусиЗамонави #ArusiZamonavi #Tamoshow в соц.сетях - подписывайся! Instagram http://instagram.com/tamoshow Facebook http://www.facebook.com/tamoshow Вконтакте http://vk.com/tamoshow Telegram http://telegram.me/tamoshow

Category

Show more

Comments - 1607
  • @
    @zahramosavi68822 years ago Lots of love from afghanistan to people of tajakistan. Such a beautiful movie! 32
  • @
    @girliranian48302 years ago So much love from iran to dear tajikestan
    beautiful culture, people and country.
    10
  • @
    @Herati.3 years ago Lots of love from afghanistan to the good people of tajikistan. 24
  • @
    @AmmadAli17 months ago I am pakistani and i am in love with the tajik culture. 3
  • @
    @mezopotamia37754 years ago Im from iran.
    we are brothers together. I love you all.
    i hope we will become a nation again in the future.
    12
  • @
    @atefeatefe9 months ago Im from iran. I want to see a film of tajik for first. Youre languge is very nice i love you tajik people. 4
  • @
    @xavihernandiz20184 years ago Bisyar ziba
    salam ba mardon dost tajikistan az afghanistan.
    13
  • @
    @sardorjonqudratov944210 months ago Yaxshi film chiqibdi uzbekistondan salom brodori tojiki. 2
  • @
    @avienaiz10012 years ago My favorite movie ever
    from afghanistan
    love you tajik and.
    4
  • @
    @albanvaca84712 years ago Saludos la gente de tayikistn desde ecuador (sudamrica) / greetings to tayikistan people from ecuador (south america) 4
  • @
    @sarahjan15104 years ago Nice tajik movie
    frome afghanistan.
    3
  • @
    @zareefmunawwaruzman35824 years ago Hahaha loving khala' s character. Watching from pakistan. 4
  • @
    @Parisajonnlast year Przypomina mi kad minut spdzon z osob, ktr kocham i ktr straciam. 7
  • @
    @user-tb6pe1qj8x3 years ago . . . . , , . , 102 . . . , ..